«Ғаюр» корхонаи семент месозад
Душанбе, 13 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Пагоҳ, 15 сентябр сохтмони корхонаи нави сементбарорӣ дар ноҳияи Ёвон оғоз мегардад. ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент» аз ҷониби корхонаи муштараки ширкати тоҷикистонии «Ғаюр» ва ширкати хитоии «Хуаксин Сентрал Эйша Инвестмент» таъсис дода шуда, дар асоси қарордод ба маблағи умумии 100 миллион доллари амрикоӣ сохтмони заводи истеҳсоли сементро дар ноҳияи Ёвон ба нақша гирифтааст. Иқтидори истеҳсолии заводи мазкур дар як сол 1 миллион тоннаро ташкил медиҳад. Завод бо истифода аз технологияи наву муосир бунёд гардида, ба талаботи экологии минтақа ҷавобгӯй мебошад.ҶДММ «Ғаюр» ширкати сохтмонӣ ва истеҳсолкунандаи масолеҳи сохтмонӣ буда, соли 2006 таъсис ёфтааст ва дорои се коргоҳи истеҳсолӣ буда, дар онҳо масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла семент, хишт ва оҳак истеҳсол карда мешавад. Иқтидори истеҳсолии ҷамъият дар як моҳ 2500 тонна семент, 280 ҳазор дона хишти пухта ва 300 тонна оҳакро ташкил медиҳад.Ширкати хитоии «Хуаксин Сентрал Эйша Инвестмент» ширкати сармоягузори чиноӣ буда, заводҳои калони сементбарориро сармоягузорӣ менамояд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии мардумии Чин аз рӯи ҳаҷми истеҳсол ва фурӯши семент яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Заводи сементи «Хуаксин Ғаюр Семент», ки аз тарафи ин ширкат дар ноҳияи Ёвон сохта мешавад, мутобиқ ба лоиҳаҳои заводҳои сементи дар Ҷумҳурии Мардумии Чин мавҷуд буда мебошад.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






