Ҳаёти мусиқии Тоҷикистон
Душанбе, 22 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Ҳаёти мусиқии Тоҷикистон» чунин ном дорад ҷилдҳои 3- ва 4 -и маҷмӯаи тозанашре, ки ба ифтихори 20-умин солгарди Исиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тозагӣ ба табъ расидааст. Маҷмӯаи мазкур, ки аз ду қисм иборат аст, бо ибтикори донишмандони Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон мунташир шудааст.Донишманди шинохтаи тоҷик Аскаралӣ Раҷабов, ки яке аз мураттибон ва муҳаррири масъули маҷмӯа маҳсуб меёбад, мегӯяд, ки дар ду қисмати маҷмӯа ҳаёти мусиқии ду даҳсолаи Тоҷикистон (солҳои 1957-1967ва 1967 – 1978) гирд оварда шудааст. Хусусан, сафарҳои ҳунарии аҳли санъат ва ҳунари Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ ва ҳунармандони давлатҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон, комёбию дастовардҳои ҳунармандон ва мутахассисони бахши санъат, бунёд ва таъсиси мактабҳои ҳунарию мусиқӣ, ташаккули навъҳои гуногуни санъати театрӣ, овозхонӣ, рақс ва дигар ҳунарҳои зебо инъикос гардидаанд. Ҳамзамон, мураттибон аксҳоеро аз лаҳзаҳои намоишномаҳои театрӣ, ки аз ҷониби ҳунармандони тоҷик дар он солҳо таҳия гардида, рӯи саҳна оварда шудаанд, дар маҷмӯа ҷой додаанд, ки таҷассумгари фарҳанги волои тоҷикон аст. Бояд тазаккур дод, ки дар маҷмӯа муҳимтарин равандҳо, ки ташаккули фарҳанги мусиқии Тоҷикистони собиқ Шӯравиро матраҳ намудааст, ҷамъоварӣ шудаанд. Маҷмӯа бо забони русӣ нашр гардида, ҳадяест барои фарҳангшиносон, мусиқишиносон, ходимони фарҳанг, устодону донишҷӯёни муассисаю донишгоҳҳои санъату ҳунарҳои зебо ва кулли хонандагон.








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст
Дар шаҳри Кӯлоб 28 мавзеи осебпазир муайян гардидааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид






