Ҳ.Зарифӣ ба Ню-Йорк меравад

Сентябрь 15, 2011 10:00

 
Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ҳафтаи оянда ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҷиҳати иштирок дар иҷлосияи 66-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид озими Ню-Йорк мешавад. Дар назар аст, ки вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ дар ҷаласаи МУ СММ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, дар якчанд чорабиниҳои дар ҳошияи иҷлосия барпошаванда иштирок мекунад. Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфтанд, ки дар чаҳорчӯби сафари кории вазири корҳои хориҷӣ ба Ню-Йорк, инчунин мулоқоти дуҷонибаи ӯ ба нақша гирифта шудаанд.

Сентябрь 15, 2011 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд