Ҷашни Истиқлолият дар ВМКБ чӣ гуна таҷлил мегардад?

Сентябрь 4, 2011 15:03

Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо). – Дар шаҳру навоҳии ВМКБ 20-умин солгарди таҷлили Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ бо шаҳомати хоса истиқбол карда мешавад. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иттилоъ доданд, рӯзи 7-уми сентябр дар шаҳри Хоруғ ҷамъомади тантанавӣ баргузор мегардад. Субҳи рӯзи 8-ум намоиши аҳли меҳнати идороту муассисот, сарбозону афсарони қисми низомии дар вилоят мустақар доир мегардад. Шоми ҳамон рӯз дар варзишгоҳи марказии шаҳр намоиши театрикунонидашуда ва барномаи консертӣ бо иштироки санъаткорони беҳтарини вилоят пешкаши сокинон мегардад. Рӯзи 9-уми сентябр дар Боғи истироҳат ва фароғати шаҳр маҳфили идона бо иштироки хонандагони макотиби шаҳр ва донишҷӯён гузаронида мешавад.

Сентябрь 4, 2011 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд