Ҷавонон ба шукуфоии кишвар талош мекунанд
Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарҳоди Шомаҳмад). — Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҷамъбастии Кумитаи ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» баргузор гардид. Дар ин ҷаласа масъалаҳои вобаста ба татбиқи сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти мамлакат ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳ муҳокима ва баррасӣ шуданд. Қайд карда шуд, ки кормандони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» 20-солагии Истиқлолияти давлатии кишварро бо дастовезҳои муносиб пешвоз гирифтанд. Кормандони ҳамаи хадамот ва шӯъбаҳои ФБД ва ҳайати парвозию техникии «Сомон Эйр» нақшаҳои кориро барзиёд иҷро намуданд. Манучеҳр Сафаров, яке аз аъзои ҲХДТ дар бораи сиёсати пешгирифтаи ҳизб нисбат ба ҷавонон маърӯза карда, иброз дошт, ки Хадамоти амнияти авиатсионии фурудгоҳ, ки ҳайати онро асосан ҷавонон ташкил медиҳанд, дар давраи ҳисоботӣ сатҳи баланди касбият нишон доданд. «Ҷавонон бо дарки масъулияти ватандорӣ сиёсати пешгирифтаи ҳизбро дар амал татбиқ намуда, баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватан ва густариши иқтисоди кишвар талош меварзанд», — гуфт зимни маърӯза котиби ибтидоии ҲХДТ дар ФБД Мӯҳтарама Муродова.Дар хотима собиқадорон ва фаъолони ҳизб бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






