Боздиди Сарвари Давлат аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Сентябрь 1, 2011 11:38

Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло).- Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил, ки  имсол ба ҷашни  муқаддаси миллиамон — бистумин солгарди Истиқлолияти давлатӣ рост омад,  ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ташриф овард. Президенти кишвар бо намояндагони таълимгоҳҳои      олӣ ва аҳли илму маориф, ихтироъкорон ва навоварони ҷавон мулоқоти ошкорову судманд доир намуда, зикр намуд, ки «Яке аз шартҳои асосии тарбия ва камолоти маънавии инсон омӯхтани илму дониш мебошад. Вақте инсон аз донишҳои гуногуни замона баҳра мебардорад, дар навбати аввал худро мешиносад ва баъдан ба фалсафаи зиндагӣ ва арзишҳои фарҳанги башарӣ таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд». Таъкид карда шуд, ки  донишҷӯёне, ки дар бахшҳои илмҳои дақиқ таҳсил мекунанд ва соҳиби касбу ҳунар мегарданд, пеш аз ҳама бояд эҷодкор бошанд ва мутобиқи имконияту захираҳои мавҷудаи кишвар лоиҳаҳои асоснокшудаи инноватсиониро таҳия ва татбиқ намоянд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  бо мақсади омода намудани мутахассисони варзида ва баланд бардоштани дараҷаи тахассусии онҳо Вазорати маорифро дар якҷогӣ бо вазорату кумитаҳои дахлдорро вазифадор намуд, ки то охири соли ҷорӣ талаботи касбии ҳар як ихтисосро мавриди омӯзиш қарор дода, вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии инноватсионӣ санадҳои дахлдорро дар таҳрири нав пешниҳод намоянд. Изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки баъди эълони «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ»   теъдоди зиёди хонандагону донишҷӯёни кишвар ба техникаву технологияи навин таваҷҷӯҳи зиёд пайдо намудаанд. Боиси қаноатмандист, ки онҳо дар озмуну намоишгоҳҳои гуногуни бонуфуз   иштироки  фаъолона менамоянд.

Сентябрь 1, 2011 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд