Дар Душанбе иҷлосияи Шӯрои кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мешавад

Сентябрь 19, 2011 11:02

Душанбе. 19 сентябр. (АМИТ «Ховар»,  Лутфия  Эшонқулова). – 21 – 22 сентябр  дар  шаҳри  Душанбе  иҷлосияи   навбатии Шӯрои фармондеҳони қӯшунҳои  сарҳадии  кишварҳои  аъзои  ИДМ баргузор  мешавад.Мувофиқи  хабари  маркази  матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи  давлатии  амнияти миллии ҶТ,  дар  кори маҷлис  дар  баробари  Тоҷикистон фармондеҳони қӯшунҳои  сарҳадии  кишварҳои  аъзои Иттиҳод  низ  иштирок  менамоянд. Ба  гуфтаи  манбаъ дар  маҷлиси Шӯрои фармондеҳоти қӯшунҳои  сарҳадӣ  бояд  масъалаҳои ҳамкории  ҷонибҳо  дар  ташкили  назорати  сарҳадӣ,  ҳамкорӣ  ба  манзури  ҷилавгирии  муҳоҷирати ғайриқонунӣ,  ҳамчунин  гардиши  ғайриқонунии маводи  нашъаовар.  аслиҳа  ва  лавозимоти ҳарбӣ  баррасӣ  шавад.

Сентябрь 19, 2011 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш