Дар Кӯлоб зеристгоҳи нав ба истифода дода шуд

Сентябрь 16, 2011 17:54

Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — 14 сентябри соли ҷорӣ маросими ба кор даровардани зеристгоҳи нав дар шаҳраки оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб баргузор шуд.  Зимни кушодашавии он раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Абдулло Ёров, раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев ва намояндагони ташкилоти пудратии «Тоҷикгидромонтаж» иштирок намуданд.Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» роҳбари маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» Нозир Ёдгорӣ иттилоъ дод.Иқтидори ин зеристгоҳи  трансформаторӣ 110/35/6 киловат-Волт буда, метавонад кори зеристгоҳҳои фаъолиятдоштаи шаҳри Кӯлобро  сабук намояд. Зеристгоҳи нав имконият дорад аҳолии шаҳри Кӯлоб ва атрофи онро бо нерӯи барқи босифат таъмин намояд. Раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Абдулло Ёров пешниҳод намуд, ки зеристгоҳи нав бо номи «Исмоилов»- мутахассиси пешбар ва собиқ директори шабакаҳои барқии шаҳри Кӯлоб  Иброҳим Исмоилов гузошта шавад. Мавриди зикр аст, ки аз ҳисоби маблағҳои ШСХК «Барқи Тоҷик» дар шаҳри Кӯлоб 7 хона, 13 зеристгоҳ ва хатҳои маҳалии интиқоли барқ дар масоҳати 15 километр мавриди истифода қарор гирифт. Дар бунёди иншооти мазкур ШСХК «Барқи Тоҷик»  низдик ба 15 миллион сомонӣ масраф намудааст.

Сентябрь 16, 2011 17:54

Хабарҳои дигари ин бахш