Фанни «иқтисод» — ро дар синфҳои 10 – 11 ҷорӣ карданианд
Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Гурӯҳи намояндагони Тоҷикистон иборат аз 24 нафар аз ҷумлаи ректорони Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Доникадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон ва донишкадаҳои дигари олӣ бо роҳбарии президенти Академияи маорифи Тоҷикистон Ирина Каримова ба шаҳри Венаи Австрия сафар намуд. Ин сафар дар доираи лоиҳаи «Тарҳрезӣ ва ҷорӣ намудани сохторҳои устувор бобати тарбияи руҳи соҳибкорӣ дар Федератсияи Русия ва Тоҷикистон» сурат гирифт. Тавре И.Каримова изҳор намуд, мақсади лоиҳаи мазкур иборат аз муайян намудани меъёрҳои маърифатӣ ва нақшаҳои таълимӣ, барномаи рӯи кор овардани фанни «иқтисод» ба манзури тарбияи руҳи соҳибкории хонандагон, тарҳрезии консепсияи нақшаҳои таълимӣ ва барномаи тарбияи муаллимони бахши иқтисод мебошад.«Гурӯҳи мо таҷрибаи чунин донишкадаҳои олии Русия, аз қабили донишкадаҳои Санкт – Петербург, Нижний Новгород ва Барнаулро мавриди омӯзиш қарор дод. Акнун иштирокдорони лоиҳа бояд нақшаҳои таълимиро аз рӯи фанни «иқтисод» барои синфҳои 10 – 11 тартиб диҳанд», — иброз дошт Ирина Каримова.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






