Кӯлоб барои гирифтани унвони пойтахти мадании ИДМ пениҳод шуд
Душанбе, 28 сентябр.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Барои соҳиб шудан ба унвони пойтахти мадании Иттиҳоди давлатҳои мустақил шаҳрҳои Кӯлоби Тоҷикистон ва Остонаи Қазоқистон пешниҳод шуданд. Тавре аз Хадамоти матбуотии Хазинаи ҳамкориҳои башардӯстонаи байналхалқии ИДМ хабар доданд, ин пешниҳод дар конгресии байналмиллалии «Маданият ҳамчун захираи модернизатсия», ки дар шаҳри Уляновск гузашт, аз ҷониби вазирони фарҳанги Тоҷикистону Қазоқистон Мирзошоҳрух Асрорӣ ва Мухтор Қулмуҳаммад садо дод.Дар баробари шаҳри Кӯлоб пойтахти Қазоқистон- Остона низ ҳамчун нахустин шаҳри санҷишии Барномаи байналхалқии «Пойтахтҳои мадании Иттиҳод» номбар карда шуд.Хотиррасон бояд кард, ки шаҳри Уляновск, он ҷое, ки рӯзҳои 26-27 сентябр Конгресси байналхалқии «Маданият ҳамчун захираи модернизатсия» сурат гирифт, пойтахти мадании кунунии ИДМ маҳсуб меёбад.








Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва КМВА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст






