Кароматуллои Мирзо ва «Моҷарои хонарӯбӣ»

Сентябрь 22, 2011 11:46

Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Муассисаи нашриявии «Маориф ва фарҳанг» китоби нави Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматулло Мирзоро бо номи «Диле, ки саршори меҳр аст» аз чоп баровард.Мураттиби китоб Амирхон Аҳмадов онро аз маҷмӯи қисса, ҳикоя, ва ёддномаҳо мураттаб гардонидааст. Дар саҳифаҳои аввали «Диле, ки саршори меҳр аст»  аз сафарҳои якҷояи нависанда Кароматуллоҳи Мирзо бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ҳикоят мешавад. Ҳикояҳои  «Меҳри модар», «Гӯшвора»,  «Алами ҷудоӣ», «Маҳрами роз», «Моҷарои хонарӯбӣ», «Марги душвор» ва ғайра ёдномаҳои адибанд, ки барои хонанда ҷолиб хоҳанд буд.Китоби нави нависандаи маҳбуб Кароматуллоҳи Мирзо ҳадяи пурарзишест ба хонандаи гавҳаршиноси тоҷик.

Сентябрь 22, 2011 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва ССКА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст
Дар шаҳри Кӯлоб 28 мавзеи осебпазир муайян гардидааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад