Маҷмӯаи рубоиёти Умари Хайём бо забони қирғизӣ
Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯаи рубоиёти шоири шинохтаи ҷаҳонии тоҷику форс, олим, мунаҷҷим, математик, шоир ва файласуф Умари Хайём бо 6 забон-тоҷикӣ, форсӣ, англисӣ, русӣ, қирғизӣ ва ӯзбакӣ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон нашр шуд. Тавре аз Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, китоби мазкур дар асоси китоби таҳқиқгари тоҷик Усмон Назир, ки барои доираи васеи хонандагон ба 6 забон мунташир шуда буд, аз тарафи олимони шинохтаи шарқшинос Рустам Алиев ва Муҳаммаднурӣ Усмонов тибқи нусхаҳои аслии мероси Хайём дар ҷаҳон солҳои 1207 ва 1259-60 мураттаб гаридааст.«Бо назардошти афзоиши шавқи хонандагони қирғиз ба рубоиёти ин нобиғаи шаҳир, инчунин тартиб додани китоби мухтасари рубоиёти Умари Хайём бо якчанд забон Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон лозим донист, ки тарҷумаи қирғизии онҳоро низ ба китоби нав ворид намояд»,- шарҳ дод манбаъ.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст
Дар шаҳри Кӯлоб 28 мавзеи осебпазир муайян гардидааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






