Машварати давлатҳои аъзои СҲШ дар Душанбе

Сентябрь 29, 2011 11:05

Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 28 сентябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ.А. Латифов машварати шашуми роҳбарони идораҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар он намояндагони Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок доштанд.Дар ҷараёни машварат роҳбарони ҳайатҳо дурнамои рушди ҳамкории бисёрҷониба дар бахши ҷилавгирӣ ва барҳам додани ҳолатҳои фавқулодда дар чаҳорчӯбаи СҲШ – ро мавриди муҳокима қарор доданд. Аз рӯи натиҷаи машварат Протокол имзо кардид. Машварат дар вазъияти амалӣ ва дӯстона сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Сентябрь 29, 2011 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд