Риоя нашудани қонун «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)»

Сентябрь 22, 2011 11:48

Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон А. Бузмаков, 350 нафар узви хоҷагии деҳқонии «Турсунзода» -и ноҳияи Вахш бе розигии сардори хоҷагӣ Мурод Турсунов ба узвияти ин хоҷагӣ шомил карда шудаанд. Сокинони хоҷагии мазкур моҳи августи соли 2010 бо мақсади ташкили хоҷагиҳои алоҳида ба раиси ноҳия бо ариза муроҷиат намуданд, аммо бо сабаби он ки ҳанӯз соли 2009 раиси хоҷагии «Турсунзода» М. Турсунов бе ризояти саҳмдорон хоҷагии мазкурро ба якчанд хоҷагии алоҳидаи деҳқонӣ тақсим карда, ба поймолкунии  ҳуқуқҳои саҳмдорон роҳ додааст, боиси даъвои аъзои хоҷагӣ гардид. Сардори хоҷагии «Турсунзода» М. Турсунов бо рафтори худ Қонун «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» -ро  сарфи назар намуда, бе иштироки аъзои хоҷагии деҳқонӣ ва бе имзои протоколи қарори маҷлис, хоҷагиҳои деҳқонии «Бӯрӣ», «Толиб», «Ҳосилот», «Камолиддин» ва «Абдулло Тоҳир» -ро ташкил кардааст.Ба иттилои манбаъ, зимни тафтиш зиёда аз 100 нафар саҳмдорон дар бораи бехабарӣ аз хоҷагиҳои навтаъсис баёнот додаанд.Бо вуҷуди дағалона вайрон кардани қонун «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)», мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят роҳи ҳалли қазияро наёфтаанд. Саҳмдорон  хоҳиши ҳалли масъаларо   пеш аз кишти тирамоҳӣ доранд. Барои ҳалли саривқтии масъала прокуратураи вилоят корро ба дасти худ  гирифтааст.

Сентябрь 22, 2011 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва ССКА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст
Дар шаҳри Кӯлоб 28 мавзеи осебпазир муайян гардидааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад