Се ноҳияи пешсафи пахтакори ҷумҳурӣ
Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Соли ҷорӣ дар майдони 201 ҳазору 112 гектар пахта кишт ва хуб парвариш шудааст,- иброз доштанд дар Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар». Ба иттилои мутахассисони соҳа, дар назар аст, ки соли ҷорӣ 390 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ карда шавад. Аммо ҳосили рӯёнидаи пахтакорон бозгӯи он аст, ки имсол беш аз 400 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣхоҳад шуд. Айни замон ҷамъоварии пахта дар ноҳияҳои Бохтар, Вахш ва Хуросони Вилояти Хатлон хеле хуб аст. Кишоварзони вилоят ҳар рӯз ба андозаи 8 ҳазору 300 – 8 ҳазору 400 тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд. Аз аввали мавсими пахтачинӣ дар вилоят беш аз 90 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст. Пахтакорон аз рӯзҳои офтобӣ самаранок истифода бурда, ҷамъоварии пахтаро босуръат метезонанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






