Се ноҳияи пешсафи пахтакори ҷумҳурӣ

Сентябрь 19, 2011 09:57

Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Соли ҷорӣ дар майдони 201 ҳазору 112 гектар   пахта кишт ва   хуб парвариш шудааст,- иброз доштанд дар Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар». Ба иттилои мутахассисони соҳа, дар назар аст, ки соли ҷорӣ 390 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ карда шавад. Аммо ҳосили рӯёнидаи пахтакорон бозгӯи он аст, ки имсол беш аз 400  ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣхоҳад шуд.   Айни замон ҷамъоварии пахта дар ноҳияҳои Бохтар, Вахш ва Хуросони Вилояти Хатлон хеле хуб аст. Кишоварзони вилоят ҳар рӯз ба андозаи 8 ҳазору 300 – 8 ҳазору 400 тонна  пахта ҷамъоварӣ менамоянд. Аз аввали мавсими пахтачинӣ  дар вилоят беш аз 90 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ   шудааст. Пахтакорон аз рӯзҳои офтобӣ самаранок истифода бурда,  ҷамъоварии пахтаро босуръат метезонанд.

Сентябрь 19, 2011 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад