Симпозиуми V байналмилалӣ
Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Аз 3 то 7 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Симпозиуми ҳарсолаи «Донишгоҳҳои олии фарҳанг ва ҳунар дар паҳнои ҷаҳонии омӯзишӣ» баргузор мегардад.Симпозиуми ҳарсола –лоиҳаи арзишманди ҷаҳониест, ки намояндагони илм ва маориф, ходимони фарҳангӣ ва сиёсӣ, сохторҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва касбии бисёр давлатҳои дунёро гирдиҳам меоварад.Мақсади баргузории Симпозиуми байналмилалии «Донишгоҳҳои олии фарҳанг ва ҳунар дар паҳнои ҷаҳонии омӯзишӣ» тайёр намудани мутахассисони соҳаи фарҳанг ва ҳунар, анъанаҳои миллӣ ва равандҳои ҳозиразамон мебошад. Созмондиҳандагони Симпозиюм Кумитаи кор бо ИДМ-и Шӯрои Федератсияи Русия, Вазорати фарҳанги Федератсияи Русия, Вазорати маорифи Федератсияи Русия, Хадамоти федералии кор бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамватанони хориҷ аз кишвар ва ҳамкории байналмилалии башардӯстона, Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва ҳунари Маскав, Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Консерваторияи Миллии Тоҷикистон ба номи Сатторов, Донишкадаи Давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Турсунзода, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, Намояндагии Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва ҳунари Маскав дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷамъияти дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Тоҷикистон» мебошанд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






