Таҷлили Истиқлолияти ҶТ дар Липетск
Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова). – 20 – умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз дар як шаҳри Федератсияи Русия дар вазъияти ботантана таҷлил гардид. Ин дафъа сабқати тантанаро маркази вилояти Липетск, ки дар он даҳҳо ҳазор нафар ҳамватанони мо кору зиндагӣ мекунанд, қабул намуд. Фаъолони Созмони ҷамъиятии «Наврӯз» кӯшиш намуданд, ки дар ин ҷо вазъияти ҳақиқатан идонаро фароҳам оваранд. Дар варзишгоҳи шаҳр консерти калони дастаи мутрибон бо роҳбарии Баҳриддин Шарифов баргузор гардида, ҳамчунин мусобиқаи гӯштингирӣ ташкил карда шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» корманди дафтари матбуоти Ҳукумати Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Бахтиёр Сатторӣ иттилоъ дод. Мувофиқи суханони Б.Сатторӣ, ҳозирони идро роҳбари Созмони ҷамъиятии «Наврӯз» — и тоҷикони муқими Русия Ҳалимҷон Ёдгоршоев, корманди масъули Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар вилояти Липетск Татяна Андрасова ва роҳбари Созмони ҷамъиятии «Ватан» — и вилояти Воронеж Нишон Гулмирзоев муборакбод намуданд.








Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд






