Таҷрибаи фурудгоҳи Душанберо мавриди омӯзиш ва истифода қарор медиҳанд
Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарҳоди Шомаҳмад). — Конфронси ҳафтуми ҳамасолаи байналхалқие, ки ибтидои моҳи сентябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, масъалаҳои хизматрасонии рӯизаминиро ба ҳавопаймоҳо матраҳ намуд. Мутобиқи меъёрҳои муайяннамудаи Ташкилоти байналхалқии авиатсионӣ «ИКАО» мутахассисони соҳа ҳар сари чанд вақт курсҳои бозомӯзиро гузашта, дар кори конфронсҳои марбутаи соҳа иштирок намуда, дараҷаи тахассуси худро баланд мебардоранд. Конфронси ҳафтуми ҳамасолаи байналхалқии Масква мавзӯи «Хизматрасонии рӯизаминӣ дар фурудгоҳҳо»-ро тӯли 5 рӯз мавриди муҳокима қарор дод. Дар намоишгоҳе, ки бахшида ба конфронс созмон дода шуд, техникаҳои ҷадид, аз қабили ядак, мошинҳои махсус аз барфу ях тозакунанда, автобусҳо ва дигар намуди техникаи махсус ба маърази намоиш гузошта шуданд. Хусусиятҳои хоси техникаҳо, бахусус камхарҷӣ ва маҳсулнокии онҳо мадди назари аввал қарор дошт. Иштирокдорони конфронс бо навгониҳои техникаи фурудгоҳӣ шинос шуда, перомуни истифодаи техника ва таҷҳизот, риояи техникаи бехатарӣ, мавриди истифода қарор додани воситаҳои хизматрасонии рӯизаминӣ, сарфакорӣ ҳангоми хизматрасонии рӯизаминӣ маърӯзаҳо шуниданд.Муовини сардори Хадамоти рӯизаминӣ ва муҳандисӣ-технологӣ Табар Қурбонов, пешбари Хадамоти хизматрасонии рӯизаминӣ Мӯҳриддин Муртазоев, ки дар конфронс ширкат варзиданд, иброз доштанд, ки бо техникаҳои муосири хизматрасонии рӯизаминии ба намоиш гузошташуда ва ҳуҷҷатнигорӣ ошноӣ пайдо намуданд. Зимни сӯҳбат ва баррасии масъалаҳо иштирокдорони конфронс лозим донистанд, ки таҷрибаи фурудгоҳи Душанберо мавриди омӯзиш ва истифода қарор диҳанд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






