Қарзи хоричии Тоҷикистон чӣ қадар аст?
Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — То 1 октябри соли ҷорӣ қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 2,1 млрд. доллари ИМА расида, 33, 4 фоизи онро маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ ташкил медиҳад. Тавре ки аз Вазорати молияи кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, тайи 9 моҳи соли ҷорӣ барои пардохти қарзи асосӣ ва фоизнок аз буҷаи давлат 40 миллион доллари ИМА ҷудо карда шудааст. Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ ҳаҷми умумии буҷаи давлатӣ аз рӯи натиҷаи семоҳаи сеюми соли равон 6 млрд. 53,7 млн. сомонӣ ва ё 103,1 фоизи нақшаи дақиқшударо ташкил дод. Хароҷоти буҷаи давлат дар моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ беш аз 5,2 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли гузашта 1,1 млрд. сомонӣ зиёд аст.То 1 январи соли 2011 қарзи хориҷии Тоҷикистон аз 1 млрд. 942,8 млн. доллари ИМА иборат буд, ки 34,6 фоизи онро маҷмӯи махсулоти дохилӣ дар соли 2010 ташкил медиҳад.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






