Ҳамкории ҶТ ва ҶИА
Душанбе, 18 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Дирӯз ҳайати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо роҳбари муовини вазири корҳои дохилии ҶИА генерал — полковник Бозмуҳаммад Аҳмадӣ ба шаҳри Хоруғ омад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ хабар доданд.Мувофиқи суханони манбаъ, мақсад аз ин ташриф таҳким бахшидани ҳамкории ҳар ду идора дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ҷилавгирии қочоқи маводи мухаддир ва роҳ надодан ба нашъамандӣ, ҳамчунин таълими кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҶИА мебошад, зеро яке аз самтҳои асосии фаъолияти муштараки Агентии назорати маводи нашъаовари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Афғонистон иборат аз таълими кормандони пулиси бахши маводи нашъаовари Афғонистон дар донишкадаҳои махсуси кишвар маҳсуб мешавад.Тавре дар маркази матбуот иттилоъ доданд, имрӯз, 18 октябр, дар шаҳри Хоруғ мулоқоти раиси вилоят Қодири Қосим ва намояндагони сохторҳои қудратии вилояти ВМКБ бо муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Аҳмадӣ баргузор шуда, дар он директори Агентии назорати маводи нашъаовар афсарони бахши мухобираи агентӣ, ҳамчунин намояндагони пулиси Афғонистон ва Созмони Милали Муттаҳид иштирок менамоянд. Бозмуҳаммад Аҳмадӣ дар ҷараёни сафараш 19 ва 20 октябр дар шаҳри Душанбе бояд бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд мулоқот анҷом диҳад.








Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд






