Ҳамрохон Зарифӣ — Раиси ояндаи Шӯро
Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Дирӯз дар шаҳри Кувайт ҷаласаи 10-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи ҳамкории Осиё (МҲО) кори худро идома дод.Тибқи рӯзномаи ҷаласа баъди суханронии роҳбарони ҳайатҳо, Раиси вохӯрии машваратии ҳамоҳангсозони фаъолияти МҲО бо ҳисоботи натиҷаҳои вохӯрии номбурда сухан гуфт. Ҳисоботи мазкур аз ҷониби ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Муколамаи ҳамкории Осиё тасдиқ гардид. Иштирокчиёни ҷаласа қарор оид ба макон ва вақти гузаронидани ҷаласаи навбатии ШВКХ МҲО, ҳамчунин ҳуҷҷати ниҳоӣ – Эъломияи Кувайтро бо иттифоқи оро қабул намуданд. Мутобиқи қарори қабулшуда, ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Муколамаи ҳамкории Осиё дар нимаи дуюми соли 2012 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ иттилоъ доданд, баъди ҷаласаи дурӯза нишасти матбуотӣ бо иштироки Раиси амалкунандаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви МҲО – муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Кувайт доктор Муҳаммад Сабоҳ ал-Салим ал-Сабоҳ, Раиси ояндаи ин Шӯро – Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ, ҳамчунин ҳамоҳангсоз – муовини Вазири корҳои хориҷии Тайиланд Ҷюллапонг Нонсричай доир гардид.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






