Ҷамъоварии ғалла идома дорад
Душанбе, 27 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили ғалла идома дорад. То имрӯз беш аз 500 ҳазор тонна ғалла ҷамъоварӣ шудааст, ки 96 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Мувофиқи суханони манбаъ, ҳосили ғаллаи масоҳати 255 ҳазор гектар замин ҷамъоварӣ шудааст, ки 82 фоизи масоҳати умумии киштзори ғалларо ташкил медиҳад. Хотирнишон месозем, ки имсол масоҳати умумии ғаллазор баробари беш аз 300 ҳазор гектар аст. Дар вилояти Суғд ҳосили ғаллаи 62 ҳазор гектар, дар вилояти Хатлон 135 ҳазор гектар, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳосили масоҳати 51 ҳазор гектар ҷамъоварӣ шудааст. Ғайр аз ин имсол дар масоҳати 210 ҳазор гектар гандум кишт шуда, ҳосили 195 ҳазор гектари он ҷамъоварии гардидааст.








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






