А. Додоев иҷрокунандаи РД КМИР ҶТ таъин шуд
Душанбе, 17 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Абдуманнон Додоев тибқи қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи мудири котиботи (Роҳбари дастгоҳ) Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайъин гардид. Бояд зикр кард, ки масъалаи мазкур дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 17 октябри соли 2011 таҳти раёсати Шермуҳаммади Шоҳиён, Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, матраҳ шуд.Абдуманнон Додоев 47 сол дошта, дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ ва иқтисодӣ мебошад. Мавсуф соли 1990 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос ва соли 2005 факултаи иқтисодии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм кардааст.Аз соли 1990 инҷониб дар вазифаҳои гуногуни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот кор кардааст. Аз ҷумла, ҳамчун коромӯзи прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ, прокурори шӯъбаи прокуратураи шаҳри Душанбе, прокурори шӯъбаи Прокуратураи генералӣ, сардори Раёсати судҳои Вазорати адлия, Раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ, судяи суди шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Синои пойтахт, ёрдамчии Раиси Шӯрои адлия, мушовири калони Маҷлиси намояндагон, сармутахассис- ҳуқуқшиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ фаъолият намудааст. Абдуманнон Додоев аз моҳи июни соли 2011 ёрдамчии Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.Қаблан роҳбарии дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳуриро марҳум Муҳибулло Додоҷонов ба ӯҳда дошт, ки мавсуф 16 сентябри соли 2011 дар синни 58 -солагӣ бар асари сактаи қалб дунёро падруд гуфт.








Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд






