А. Додоев иҷрокунандаи РД КМИР ҶТ таъин шуд

Октябрь 17, 2011 13:03

Душанбе, 17 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Абдуманнон Додоев тибқи қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи мудири котиботи (Роҳбари дастгоҳ)  Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайъин гардид. Бояд зикр кард, ки  масъалаи мазкур дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 17 октябри соли 2011 таҳти раёсати Шермуҳаммади Шоҳиён, Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, матраҳ шуд.Абдуманнон Додоев 47 сол дошта, дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ ва иқтисодӣ мебошад. Мавсуф соли 1990 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос ва соли  2005  факултаи иқтисодии  Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистонро бо  дипломи аъло хатм кардааст.Аз соли 1990  инҷониб дар  вазифаҳои гуногуни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот  кор кардааст. Аз ҷумла,  ҳамчун коромӯзи прокуратураи  ноҳияи Рӯдакӣ, прокурори шӯъбаи  прокуратураи  шаҳри Душанбе,  прокурори шӯъбаи  Прокуратураи генералӣ, сардори Раёсати  судҳои Вазорати  адлия, Раиси суди ноҳияи  Рӯдакӣ, судяи суди шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Синои пойтахт, ёрдамчии Раиси Шӯрои адлия, мушовири калони Маҷлиси намояндагон, сармутахассис- ҳуқуқшиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ  фаъолият намудааст. Абдуманнон Додоев  аз моҳи июни соли 2011 ёрдамчии Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.Қаблан роҳбарии дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳуриро марҳум Муҳибулло Додоҷонов ба ӯҳда дошт, ки мавсуф 16 сентябри соли 2011 дар синни 58 -солагӣ бар асари сактаи қалб дунёро падруд гуфт.

Октябрь 17, 2011 13:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид