Ахбори кӯтоҳи варзишӣ дар пешниҳоди Аловиддин Бӯриев

Октябрь 27, 2011 14:27

Душанбе, 27 октябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).-  Футбол: Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони ҷумҳурӣ дар бозиҳои интихобии ҷоми Осиё бо дастаи Бутан қувва месанҷанд. Дар ин гурӯхҳБаҳрайн бо Кувайт ва  Қатар бо Урдун ба дидори ҳам мераванд. Алҳол баъди як давр Бахрайн , Қатар ва Кувайт се имтиёзӣ доранд.  Футбол: Дирӯз бозиҳои ҷавобии ҷоми қаҳрамонҳои Осиё баргузор шуданд. «Ал-Садд» — и Қатар бо «Сувон Самсунг Блувинз»дар майдони худ во хӯрда бо ҳисоби 0 бар 1 мағлуб шуд ва дар ҷамъбасти ду бозӣ ба вохӯрии ниҳоӣ роҳхат гирифт.Дар вохӯрии дуввуми рӯз «Ҷеонбук Ҳундай Моторс»  «Ал-Иттиҳод»-и Арабистони Саудиро бо ҳисоби 2 бар 1 мағлуб карда, ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфт. 5 ноябр дастаҳо бо ҳам дар варзишгоҳи «Jeonju World Cup Stadium» қувва меозмоянд.      Футбол: Вохӯрии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби Русия ва мунтахаби Юнонро  рӯзи 11- ноябр шабакаи якуми телевизиони Руссия мустақиман пахш хоҳад кард.Футбол: Президенти дастаи «Коринтианс» Андрес Санчес арз кардааст, ки клуб рӯзҳои наздик ҳамлагари дастаи «Манчестер Сити» Карлос Тевесро харидорӣ хоҳад кард. Барои ин бозингари 27-солаи аргентинагӣ «Манчестер Сити»  нисбат ба мавсими тобистон арзиши пасттар дархост кардааст.           Футбол: Дар бозиҳои якҳаштфиналии чоми Англия дастаи «Арсенал» «Болтон» -ро 2 бар 1 мағлуб кард. Дар ин вохӯрӣ Андрей Аршавин дар дақиқаи 53 ҳисобро баробар кард ва   Пак Чху Ен дар дақиқаи 57-ум тӯби ғолибиятро ба ҳадаф зад. Натиҷаи бозиҳои дигар чунин аст:  «Алдершот Таун» — «Манчестер Юнайтед» — 0:3, «Кристалл Пэлас» – «Саутгемптон» — 2:0 ва  «Кардифф» — «Бернли»  — 1:0. Футбол: Ҳамлагари тими «Манчестер Сити» Карлос Тевес, ки  дар вохӯрии лигаи қаҳрамонҳои Аврупо бо дастаи «Бавария»- и Олмон барои ба майдон даромадан саркашӣ карда буд, аз маоши чорҳафтаинааш маҳрум гардид. Он  маблағи 1 миллион фунт стерлингро ташкил медиҳад. Ба гуфти футболбоз ӯро сармураббии даста Роберто Манчини хуб нафаҳмидааст, вале тафтиш нишон дод, ки  Тевес гунаҳкор аст.         Формула-1: Рӯзҳои истироҳат дар роҳи Буддҳи шаҳри Ноид  бори аввал дар таърих мусобиқаи «Формула-1» барои ҷоизаи  Гран-прии Ҳиндустон гузаронида мешавад. Ба хотири ҷалби ҳарчи бештари мухлисон ташкилкунандагони мусобиқа нархи чиптаро хеле арзон кардаанд. Варзишгоҳ дорои 120 000 ҷойи нишаст аст.

Октябрь 27, 2011 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ