Аз асъори қалбакӣ эҳтиёт шавед

Октябрь 12, 2011 09:48

Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар прокуратураи ноҳияи Фирдавсӣ оид ба   муомилот баровардани асъори хориҷии қалбакӣ бо моддаи 281 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии парванда аз рӯи тобеият ба ШКД – и ноҳияи Фирдавсӣ ирсол гардид,- иброз доштанд дар прокуратураи ноҳия ба мухбири АМИТ «Ховар». Бино ба иттилои манбаъ, 15 – уми августи соли ҷорӣ сокини кӯчаи Фирдавсӣ- 70, ҳуҷраи 23,  шаҳри Душанбе Одинаев Шӯҳрат, ки дар нуқтаи мубодилаи асъори хориҷӣ фаъолият мекард аз шахси       номаълум  як адад асъори 100 доллараи амрикоиро харид  намуда, худи ҳамон рӯз онро ба Фозилҷон Пираков, ки дар бозори Корвон ба соҳибкорӣ машғул буд, бо арзиши 447 сомонӣ фурӯхт. Баъди ду рӯз Фозилҷон Пираков фаҳмид, ки асъори хориҷии харидааш қалбакӣ мебошад. Ф. Пираков аз болои Шӯҳрат Одинаев ба прокуратураи ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза муроҷиат кард. Прокуратура дар асоси аризаи Ф. Пираков нисбат ба амали ҷинояткоронаи Ш. Одинаев парвандаи ҷиноӣ боз карда,  онро барои тафтишоти пешакӣ ба             ШКД – и ноҳия ирсол намуд. Айни замон тафтиши парвандаро дар ШКД ноҳияи Фирдавсӣ ба охир расида, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суди ноҳияи мазкур фиристонида шудааст.

Октябрь 12, 2011 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд