Ба Кодекси фазои ҳавоӣ тағйирот ворид мегардад
Душанбе, 31 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат, ки 31 октябр таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, баррасӣ шуд.Аъзои Шӯро ҳамчунин лоиҳаи қонунхои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012», «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷа», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қонун «Дар бораи судҳои ҳакамӣ»-ро баррасӣ намуданд. Инчунин лоиҳаҳои Барномаи давлатии қарзгирии берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2014 ва Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012 дар Шӯро муҳокима шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






