Барқияи табрикотии Э.Раҳмон ба Ху Тсзинтао

Октябрь 4, 2011 15:34

Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар»). – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин омадааст:Мӯҳтарам ҷаноби Раис, Ба муносибати солгарди эълон шудани Ҷумҳурии Мардумии Чин табрикоти самимонаамро ба Шумо ва дар шахси Шумо ба ҳамаи халқи дӯсти Чин бо қаноатмандии зиёд ирсол медорам.Мамлакатҳои моро риштаҳои канданашавандаи бо мурури замон санҷидашудаи ҳамсоягии нек ва дӯстӣ алоқаманд менамоянд, ки мо имрӯз баҳри афзун гардидани онҳо саъю кӯшиш намуда, ҳамкории мамлакатҳоямонро доимо густариш медиҳем.    Тоҷикистон аз муваффақиятҳои бузурги Чини дӯст дар рушди иқтисодиёт, илм, фарҳанг ва соҳаҳои дигари худ, аз дастовардҳои он дар арсаи ҷаҳон сидқан шод мегардад.Мо сатҳи баланди ҳамкории бисёрҷонибаро бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки тайи солҳои охир барои рушди минбаъда нерӯи бузург ба даст оварда аст, ба дараҷаи баланд арзёбӣ намуда, азму иродаи қавӣ дорем, ки онро бо мазмуни нав ғанӣ гардонем, ки ҳамоҳанги талаботи замони пешрави имрӯза бошад. Ба туфайли саъю кӯшишҳои муштарак ба мо муяссар гардид, ки дар амри муносибатҳои дуҷонибаи мутақобилан муфид натиҷаҳои таъсирбахш ба даст орем, ки дар робита бо ин саҳми бузурги шахсии Шуморо ба ин кори наҷиб зикр накарда наметавонам. Қаноатмандии бепоёни моро аз раванди рушди босуръати ҳамкории Тоҷикистону Чин дар ҳамаи самтҳои асосӣ иброз дошта, бояд ба таври махсус қайд намуд, ки тайи давраи гузашта барои рушду густариши минбаъдаи онҳо ҷиддан кори зиёд иҷро шудааст.  Дар Тоҷикистон роҳандозӣ намудани бархе лоиҳаҳои хаҷман калони муштарак, ки ҳамкории моро ба қуллаҳои нави баланд бардошта, мутобиқи нерӯи ғанитарини муносибатҳои дуҷониба мебошанд, дар ин амр аҳамияти муҳимтарин дошт. Аз он рӯзе, ки дар шароити нави Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон байни мамлакатҳоямон муносибатҳои дипломатӣ барқарор шуданд, дар ояндаи наздик 20 сол пур мешавад. Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчун шарик ва ҳамсояи нек ҳамаи чораҳои имконпазирро дид, ки ин бист сол бо мисолҳои зебои ҳамкории самарабахши ҳар ду давлат ба нафъи халқҳою мамлакатҳоямон мунаввар гарданд. Мехоҳам аз имконияти гуворо истифода намуда, ба Шумо, ҷаноби мӯҳтарам Раис, тансиҳатӣ, саодат ва комёбиҳои навро ба нафъи   Чини бузург ва ба халқи дӯсти Чин сулҳ, беҳбудӣ ва шукуфоиро таманно намоям.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Октябрь 4, 2011 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд