БАТР кӯмаки машваратӣ мерасонад

Октябрь 11, 2011 17:08

Душанбе, 11 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Тақвияти ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд /БАТР/ дар меҳвари мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бо Ян Фишер, ноиби Президенти БАТР оид ба амалиёт қарор дошт.Шукурдҷон Зуҳуров доир ба фаъолияти палатаи поёнии парлумони мамлакат маълумот дода афзуд, ки Тоҷикистон стратегияи БАТР-ро дар мавриди  густариши соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Тоҷикистон ҷонибдорӣ менамояд.Зуҳуров гуфт, ки тӯли солҳои охир бо қабули қонунҳо аз сӯи парлумони кишвар фазои  мусоиди сармоягузорӣ дар Тоҷикистон фароҳам омадааст. Мавсуф зикр кард, ки БАТР дар радифи дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон доираи фаъолияташро пурсамартар бояд гардонад. Раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат таъкид кард, ки таҳияи лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав барои рушди соҳибкорӣ, бахши хусусӣ ва дар маҷмӯъ ҷиҳати устувор ва баланд бардоштани иқтисодиёти миллӣ мусоидат менамояд.Ян Фишер, ноиби БАТР оид ба амалиёт дар навбати худ зикр кард, ки БАТР ба парлумони Тоҷикистон ҷиҳати  таҳияи қонунҳо дар бахши ҳуқуқ ва ислоҳоти системаи судӣ кӯмаки машваратӣ мерасонад.

Октябрь 11, 2011 17:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд