Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус

Октябрь 28, 2011 17:16

Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко 28 октябри соли 2011 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздиди расмӣ ба амал овард. Президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус (минбаъд Ҷонибҳо), маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Беларусро ба таври амиқ ва ҳаматарафа мавриди муҳокима қарор дода,  оид ба масъалаҳои муҳими байналмилалию минтақавии қобили манфиати тарафайн табодули назар карда, бо назардошти саъю кӯшишҳо ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди дарозмуддат байни ҳарду давлат, баёнияи зеринро изҳор намуданд: 1. Ҷонибҳо аҳамияти рушду тавсеаи равобити сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус, таҳкими алоқаҳои байнипарлумонӣ ва муносибатҳои тиҷорию иқтисодӣ, такмили механизмҳои амалкунандаи ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаҳои мухталиф ва густариши пояи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳои дуҷонибаро муҳим арзёбӣ мекунанд. 2. Ҷонибҳо аҳамияти муҳими баимзорасии Аҳднома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкории дарозмуддат барои солҳои 2011-2020, инчунин созишномаҳо дар бораи фаъолияти меҳнатии шаҳрвандон дар қаламрави ҳарду кишвар, дар бораи ҳамкорӣ байни вазоратҳои иқтисод, ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсати оид ба ҷавонон, фарҳанг, огоҳнамоӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаро дар рафти сафари мазкур таъкид мекунанд.Ҷонибҳо қайд менамоянд, ки санадҳои мазкур пояи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларусро, ки асоси эътимоднок барои ҳамкориҳои минбаъдаи ҳамаҷонибаи ҳарду давлат ва истифодаи самараноки иқтидори иқтисодии онҳо барои беҳзистии мардуми ҳарду кишвар маҳсуб меёбад, ба таври назаррас таҳким мебахшанд.3. Ҷонибҳо тамоюли мусбат дар соҳаи тиҷорати муштаракро таъкид намуда, нияти фароҳам сохтани шароити мусоид ҷиҳати рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷорию иқтисодӣ, аз ҷумла дар доираи фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷорию иқтисодиро изҳор доштанд.4. Ҷонибҳо тарафдории худро аз меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, мақсад ва усулҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, таҳкими нақши СММ дар ҳалли маҷмӯи масъалаҳо оид ба пойдории суботи байналмилалӣ ва амният, инчунин таъмини рушди умумиҷаҳонӣ, тасдиқ намуданд.5. Ҷонибҳо аҳамияти муҳими густариши ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла фаъолияти мутақобила оид ба ҳамоҳангсозии саъю кӯшишҳо дар мубориза бар зидди терроризм, ҷиноёти муташаккила, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, одамфурӯшӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои фаромиллии ҷаҳони муосирро таъкид карданд.Ҷонибҳо мувофиқа намуданд, ки таҷрибаи дастгирии мутақобиларо зимни ташаббусҳо ва лоиҳаи санадҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ идома диҳанд. Ҷонибҳо мувофиқа намуданд, ки номзадҳои якдигарро дар созмонҳои байналмилалӣ дастгирӣ намуда, ҳамчунин оид ба мавзӯҳои ҳимояти ҳуқуқ дар СММ ва дигар сохторҳои байналмилалӣ аз ҷонибдории тарафайн бархӯрдор бошанд.Ҷонибҳо аҳамияти муҳими ҳамоҳангсозии фаъолият дар сатҳи байналмилалиро, ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷаҳонии экологӣ бо назардошти масъулияти дифференсионии давлатҳо ва усулҳои рушди устувор таъкид карданд.6. Ҷонибҳо оид ба мусоидати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар танзими ҳамкориҳои мутақобилаи Ҷумҳурии Беларус бо Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ), аз ҷумла дар татбиқи муроҷиати Беларус барои гирифтани мақоми нозир дар СҲИ, ба мувофиқа расиданд.7. Ҷонибҳо аҳамияти густариши минбаъдаи ҳамкориҳои самараноки Ҷумҳурии Беларусро бо Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) зикр намуданд. Ҷониби Тоҷикистон омодагии худро ҷиҳати мусоидат ба Ҷумҳурии Беларус дар татбиқи муассири мақоми коршарикӣ бо СҲШ, таъмини иштироки пурмазмуни Ҷониби Беларус дар чорабиниҳои ин Созмон изҳор менамояд.8. Ҷонибҳо аҳамияти густариши ҳамкориҳо дар доираи ИДМ, СААД, инчунин таҳкими минбаъдаи робитаҳои тиҷорию иқтисодии Тоҷикистонро бо давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё (ЕврАзЭС), бо назардошти оғози фаъолияти Фазои ягонаи иқтисодии Беларус, Қазоқистон ва Русия, таъкид намуданд.9. Ҷониби Тоҷикистон ба Ҷониби Беларус барои иқдомҳояш ҷиҳати абадӣ гардонидани хотираи фарзандони миллати тоҷик, ки солҳои ҷанги Бузурги Ватанӣ дар озод намудани Беларус мубориза бурдаанд, миннатдории хешро баён кард.10. Ҷонибҳо бо хусусиятҳои созандагӣ, ҳусни тафоҳум ва эътимоди баланд доир гардидани гуфтушунидҳоро бо қаноатмандӣ баён намуда, ба ҳукуматҳои ҳарду давлат супориш доданд, ки саъю кӯшишҳо ба самтҳои авлавиятноки ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, илмию техникӣ ва гуманитарӣ, аз ҷумла: — ба таври муштарак пайдо намудани роҳҳои густариши амиқи ҳамкориҳо, ки ба рушди мунтазами иқтисоди миллӣ, ба мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии ҳарду давлат нигаронида шуда бошад; — афзоиши мутақобилаи гардиши мол ва хизматрасонӣ, таъмини шароити мусоид барои густариши робитаҳои фаъол байни доираи соҳибкорони Тоҷикистону Беларус, фаъол гардонидани ҳамкориҳои мутақобила дар самти маъмуриятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, палатаҳои савдо ва саноати ҳарду давлат, аз ҷумла дар доираи Шӯрои ҳамкории соҳибкорони Тоҷикистону Беларус; — рушди кооператсияи истеҳсолӣ, дар қаламрави ҳарду давлат ба роҳ мондани истеҳсолоти муштарак бо иқтидори зиёди содиротӣ ва рақобатпазир, аз ҷумла бо иштироки муассиса ва ширкатҳои кишвари сеюм; — дастгирии лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла бо роҳи воридсозии онҳо ба барномаҳои давлатии Тоҷикистон ва Беларус; — рушди ҳамкориҳои ҳарбию техникӣ мутобиқи мувофиқаҳои дуҷонибаи дар ин соҳа мавҷудбуда ва ӯҳдадориҳои байналмилалии ҳарду давлат; — густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои маҷмӯи саноати кишоварзӣ, мошинсозӣ, нафту кимиёӣ, нақлиётӣ ва энержӣ, саноати хӯрокворӣ ва сабук; — фаъол гардонидани ҳамкориҳои илмию техникӣ, бо шумули дарёфти имконот ҷиҳати татбиқи барнома ва лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла бо иштироки кишвари сеюм; — рушди робитаҳои байниминтақавӣ бо роҳи боздидҳои мунтазами ҳайатҳо, коркарду татбиқи барномаҳои муштараки ҳамкорӣ дар сатҳи минтақаҳо, иштирок дар чорабиниҳои ҳамоишию намоишгоҳӣ; — тавсеаи ҳамкориҳои мутақобила дар соҳаҳои ҳифзи сиҳатмандӣ, фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ, маориф ва ғайра, равона карда шавад. 11. Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки татбиқи мувофиқаҳои ба даст омада ва санадҳои дуҷонибаи зимни ин сафар имзошуда, ба рушди минбаъдаи муносибатҳои анъанавии дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус, ки дар асоси коршарикии баробарҳуқуқ ва мутақобилан судманд роҳандозӣ мешавад, мусоидат хоҳад кард. 12. Президенти Ҷумҳурии Беларус А.Лукашенко барои меҳмоннавозӣ ва пазироии самимона ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон ва ҳамаи мардуми тоҷик сидқан изҳори миннатдорӣ намуда, Сарвари Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати ба амал овардани боздиди расмӣ аз Беларус дар вақти барояш мувофиқ даъват намуд. 28 октябри с.2011, ш. Душанбе

Октябрь 28, 2011 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад
6 август дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад