Буҷет хусусияти иҷтимоӣ дорад
Душанбе, 18 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 5 миллиард сомонии буҷети давлатӣ барои соли 2012 ба рушди соҳаҳои иҷтимоию маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нигаронида шудааст.Алҳол, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бора буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012» дар Кумитаҳои палатаи поёнии парлумони мамлакат –Маҷлиси намояндагон мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дорад.Қисми даромади буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012 дар ҳаҷми 10 миллиарду 160 миллион сомонӣ ва қисми хароҷоташ 10 миллиарду 340 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар қиёс ба буҷети соли 2011 мутаносибан 1 миллиарду 860 миллион ва 1 миллиарду 750 миллион сомонӣ зиёд аст.Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар буҷети соли 2012 дар ҳаҷми 35,8 миллиард сомонӣ, болоравии ҳаҷми истеҳсолот 7% ва таваррум 10,5% пешбинӣ гардидааст. Интизор меравад, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012» нимаи авввали моҳи ноябр ҷиҳати баррасӣ ба иҷлосияи Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда мешавад.








Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд






