Чаро «Соли байналмилалии ҷангалзор»?
Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- То охири «Соли байналмилалии ҷангалзорҳо» ду моҳ боқӣ мондааст. Бино ба гуфти мутахассиси соҳаи ҷангалзор Абдуқаюм Шеров, солҳои сиюми асри гузашта ҷангалзори Тоҷикистон 23 фоизи марзи кишварро дар бар мегирифт. Ҳоло аз 1,8 миллион гектар замини захираи ҷангали Тоҷикистон ҳамагӣ дар 25 фоизи он ҷангал боқӣ мондааст.-Дар ҷангалзори Тоҷикистон 240 намуди дарахту бутта мерӯяд, ки аз он 50 намудаш дарахтони мевадиҳанда мебошанд. Мо бояд ба ҷангалзори Тоҷикистон ҳаёти нав бахшем, кӯҳу дашт ва биёбонҳояшро ба ҷангалзор табдил диҳем,- мегӯяд А. Шеров.Назар ба маълумоти олимон, тақрибан 80 фоизи сохти биологии сайёра ба вазъи экосистемаи ҷангал вобаста аст. Ин аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз муносибатҳои ғайриоқилона ва бераҳмонаи инсоният ба ҷангал бонги изтироб мезанад. Маҷмааи умумии СММ бо раъйи якдилонаи аъзояш соли 2011 – ро «Соли байналмилалии ҷангал» эълон кардааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






