Даври 33-юми чемпионати мамлакат.

Октябрь 14, 2011 14:30

 Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев). —  Бозиҳои  даври 33-юми чемпионати мамлакат оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ дирӯз бо баргузории се вохӯрӣ оғоз шуд. «Энергетик» дар майдони худ бо «Хайр» қувва озмуда бо натиҷаи 2 ба1 пирӯзӣ ба даст овард. Акнун ин даста фарқияти холҳояшро бо «Хайр», ки дар зинаи 4-ум қарор дорад, ба се имтиёз расонид ва 45 хол дорад. «Регар ТадАЗ» бо ССКА «Помир»  вохӯриашро бо натиҷаи 1 бар 1 мусовӣ ҷамъбаст кард. «Парвоз» аз меҳмони худ «Вахш» бо нишондиҳандаи 1 бар 2 мағлуб шуд. Дар ин замина  «Шодмон»-и Ҳисор  бар «Гвардия», ки рӯзи бозиашонро федератсияи футбол тағйир дода буд, бо натиҷаи 4 бар 2 ғалаба кард. Имрӯз вохӯрии «Хуҷанд» бо «Равшан» доир мегардад.

Октябрь 14, 2011 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд