Э. Раҳмон: «Турсунзода дар дили халқ маъво гирифтааст»

Октябрь 14, 2011 17:52

Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). -«Шеъри Мирзо Турсунзода шеъри миллат ва шеър барои инсоният аст. Тамоми зиндагии ӯ тимсоли дурахшони хизмати содиқонаи як фарди зиёӣ ба нафъи халқу Ватани хеш мебошад. Меҳри ӯ дар ошёни баландтарин – дили халқ маъво гирифтааст ва халқ хотираи неки фарзанди маҳбуби хешро то абад ҳифз хоҳад кард», — зикр кард Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар ҷашни  100-солагии устод Мирзо Турсунзода.Сарвари давлат гуфт, ки  «Ҷашни фархундаи якасраи шоири бузурги халқ- Мирзо Турсунзодаро, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмони байналмилалии ЮНЕСКО сурат мегирад, барои шумо самимона табрик мегӯям».Ӯ ҳамчунин зикр  кард, ки «Дар ин айёми ҷашну сурур аз шахсиятҳои таърихӣ, инсонҳои равшанзамир ва машъалдорони роҳи озодиву истиқлолият, бунёдгузорони Тоҷикистони навин, парчамбардорони матини илму адаб ва фарҳанги миллии тоҷикон бо сипосгузорӣ ёдовар шудан амри воҷиб аст. Зеро ин фарзандони бошарафи халқи тоҷик поягузорони кишвари маҳбуби мо ба шумор мераванд». «Мирзо Турсунзода ҳамчун шоири бузурги ватандӯст ва халқпарвар, муборизи фаъоли роҳи сулҳ ва оромиву осудагии ҳаёти ҷамъият соҳиби обрӯву иззат, эътибори баланд ва шӯҳрати ҷаҳонӣ гардид. Аз нимаи дуюми солҳои сиюми асри XX — аз ҳамон давроне, ки фашизм дунёро ноором сохта, баъзе мамлакатҳои Аврупо ва Ғарбро зери по кард ва ба сари мардум бадбахтиҳо овард, Мирзо Турсунзода дар асарҳояш ба ҷангу ҷидол ва хусумату душманӣ сулҳу ваҳдат ва дӯстиву бародариро муқобил гузошт»,- зикр намуд Президенти кишвар.  Шоири сулҳпарвари мо барҳақ халқҳои ҷаҳонро бар зидди фашизм даъват мекард, то ки решаи манҳуси ҷангро аз беху бунаш бурида, парчами сулҳро дар олам устувор созанд.Дар охири ҷамъомад зикр гардид, ки устод Мирзо Турсунзода 100-сола шуд. Ҷашни пуршукӯҳи якасраи ӯ воқеан ҷашни сухан, ҷашни сулҳу ваҳдат, ҷашни афкори  ваҳдатсозу миллатдӯстона, ҷашни сулҳу амонӣ дар ҷаҳон ва ҷашни нангу номуси ватандорӣ мебошад. 

Октябрь 14, 2011 17:52

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ