Фестивали «Фазои Иттиҳод»

Октябрь 21, 2011 11:42

Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила  Дубинина). – Дар  чаҳорчӯбаи  нақшаи  чорабиниҳо  бахшида ба  20 – солагии  ИДМ ва  20 – умин  солгарди  истиқлолияти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон 27  октябр  дар  «Кохи Борбад»  — и  шаҳри  Душанбе  фестивали  байналмилалии  мусиқии  «Фазои  Иттиҳод» баргузор  мегардад. Фестивал бо  ибтикори  Вазорати  фарҳанги  ҶТ  таҳти  васояти  Бунёди  байнидавлатии  ҳамкории  башардӯстона  роҳандозӣ  мешавад.Фестивали  фарҳанг ва анъанаҳои  миллӣ, ки  чун  солҳои  пештара  ситораҳои  ҷавони эстрадии  кишварҳои  аъзои  ИДМ ва  Гурҷистонро  ҷамъ  месозад, таҳти  шиори «Мо  зери  як  осмонем!» баргузор шуда,  дар он сарояндагони  маъруфи эстрада  ва  мутрибони  Русия, Қазоқистон,  Қирғизистон, Беларус,  Арманистон  иштирок  менамоянд. Аз  ҷониби  Тоҷикистон  дар  ин  фестивал Нозияи Кароматулло, Меҳринигори  Рустам ва  Зикриоллоҳ  Ҳакимов  ҳунарнамоӣ  мекунанд. Хотирнишон  месозем, ки  фестивали «Фазои  Иттиҳод»  соли  2010  дар  пойтахти  Тоҷикистон бори  нахуст  доир  гардида, акнун  анъанаи  неки   кишварҳои  Иттиҳод шудааст. Фестивал   ба  таҳкими  муносибатҳои  байнидавлатӣ  дар  бахши  фарҳангу  санъат  мусоидат мекунад.

Октябрь 21, 2011 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд