Форуми шашуми зиёиёни илмию эҷодии давлатҳои аъзои ИДМ

Октябрь 20, 2011 14:56

Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).  Имрӯз  ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз Вазири маорифи ҶТ Абдуҷаббор  Раҳмонов, президенти АИ ҷумҳурӣ Маҳмадшо Илолов, раиси ДМТ Нуриддин Саидов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов, Фароғат Азизӣ- муовини вазири фарҳанг, Мансур Сайфиддинов -мушовири калон оид ба рушди иҷтимоӣ вар обита бо ҷомеа ва директори АМИТ «Ховар» Садриддин Шамсуддинов барои иштирок дар Форуми шашуми зиёиёни илмию эҷодии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Киев  сафар карданд.Ёдовар мешавем, ки дар Форум масъалаҳои марбут ба чорабиниҳои муштарак вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаи маорифу тарбия, илм ва инноватсия, фарҳанг ва санъат, дастгирии насли ҷавони Иттиҳод, экология ва ҳифзи муҳити зист, туризми фарҳангию омӯзишӣ, варзиш ва ҳаёти солим дар ИДМ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.Мавриди зикр аст, ки чорабинии мазкур ҳар сол бо навбат дар давлатҳои аъзои ин созмон доир мегардад ва ба иштирокчиёни худ имконияти баррасии масъалаҳои рушди ҳамкории башардӯстонаро фароҳам меорад. 

Октябрь 20, 2011 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд