Х.Зарифӣ: «Тоҷикистон боздиди Котиби давлатии ШМА-ро рӯйдоди муҳими сиёсӣ дар муносибатҳои миёни ду кишвар арзёбӣ менамояд»

Октябрь 24, 2011 10:05

БАРОМАДИВазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар нишасти матбуотии муштарак бо Котиби давлатии Штатҳои Муттаҳидаи Америка хонум Ҳиллари КлинтонДушанбе, 22 октябри соли 2011 Мӯҳтарам намояндагони васоити ахбори омма ва иттилооти ҳамагонӣ, Хонумҳо ва ҷанобон,Ҷониби Тоҷикистон боздиди Котиби давлатии Штатҳои Муттаҳидаи Америка хонуми гиромиқадр Ҳиллари Клинтонро аз Тоҷикистон рӯйдоди муҳими сиёсӣ дар муносибатҳои миёни ду кишвар арзёбӣ менамояд. Музокироти Котиби давлатии Штатҳои Муттаҳидаи Америка бо Президенти кишвари мо, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар фазои ҳусни тафоҳум, ҳамраъйӣ ва мавқеъгирии созанда баргузор шуда, доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи тарафҳо ва самтҳои ояндадори онҳоро фаро гирифтанд. Ҳамзамон, мубодилаи афкор атрофи мавзӯъҳои муҳими минтақавӣ ва глобалӣ сурат гирифт, ки ягонагӣ ва наздикии мавқеи ҷонибҳоро нисбати масъалаҳои умдаи байналмилалии мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн нишон дод. Ҷонибҳо ҷараёни рушди ҳамкориҳои ду давлатро дар маҷмӯъ қаноатбахш арзёбӣ намуда, ин равандро ҷавобгӯи манфиатҳои тарафҳо донистанд ва таъкид бар он карданд, ки ҳамшарикии ду кишвар ҳанӯз ҳам потенсиали бузургро доро аст. Вобаста ба ин, ҷониби Тоҷикистон ҳавасмандии худро ба идомаи муколамаи сиёсӣ бо ҷониби Америка дар сатҳҳои мухталиф, алалхусус ҷиҳати дастгирӣ дар масъалаҳои такмили идораи сарҳадот ва таъмини моддию техникии нерӯҳои марзбонӣ, сохторҳои гумрукӣ ва қудратии кишвар бо мақсади тақвияти мубориза алайҳи терроризм, интиқоли маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ иброз дошт. Дар соҳаҳои тиҷорату иқтисодиёт таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон омода аст ҷиҳати ҷалби сармоя ва технологияи америкоӣ барои коркарди сарватҳои табиӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ҳамчун зербинои асосии рушди устувори кишвар кор бурда, машварату музокироти созандаро бо ҷониби Америка дар мавзӯи воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Созмони Умумиҷаҳонии Савдо идома диҳад.Айни замон, ҳамчун омили муҳими густариши робитаҳои тиҷоратӣ бекор кардани маҳдудиятҳои Ҷексон-Веник нисбати Тоҷикистон мувофиқи мақсад дониста шуд. Бо изҳори нигаронӣ аз вазъияти кунунии Афғонистон ҷониби Тоҷикистон боз ҳам ақидаи худро нисбати зарурати идомаи музокироти сулҳофарӣ ва дар ҷомеаи он нигоҳ доштани тавозуни нерӯҳои сиёсӣ ва миллию қавмӣ таъкид кард.Ҷониби Тоҷикистон андешидани силсилаи бештари чораҳои иқтисодию иҷтимоӣ бо ҷалби бештари Афғонистон ба раванди ҳамкориҳои минтақавиро ҳамчун омили муҳими ба эътидол овардани вазъ дар ин кишвари ҷангдида арзёбӣ намуд. Дар робита ба ин, Сарвари давлати мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи ҳамсӯҳбаташро ба барномаву лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон, ки аҳамияти минтақавӣ доранд ҷалб кард ва ташаббуси ҷониби Америка ҷиҳати эҳёи “Роҳи нави абрешим”ро сидқан ҷонибдорӣ намуд. Зимнан мо изҳори умедворӣ кардем, ки Штатҳои Муттаҳидаи Америка минбаъд низ ба истиқрору таҳкими сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ, ҳамчунин рушди ҳамкориҳои минтақавӣ мусоидати созанда хоҳад кард. Роҷеъ ба мавзӯъҳои волоияти қонун ва ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҷониби Тоҷикистон идомаи ҳамшарикии худро бо ҷониби Америка дар соҳаҳои мазкур омили муҳими пешбурди бемайлони равандҳои демократӣ дар кишвар донист. Мо бо таъкиди қаноатмандӣ аз натиҷаҳои музокироти доиргашта изҳори итминон менамоем, ки ин сафари Котиби давлатии Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар раванди ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкориҳои дарозмуддату босубот ва гуногунҷанбаи кишварҳои мо қадами тозае хоҳад шуд.

Октябрь 24, 2011 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд