Хоҳишмандони хизмат дар сафи артиш меафзояд
Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ ҳамагӣ 25 рӯз сипарӣ шуда бошад ҳам, аллакай 49 – 50 фоизи нақшаи даъват таъмин гаштааст. Роҳбарони қисмҳои ҳарбӣ сол то сол шароити хизматро дар қисмҳои низомӣ беҳтар менамоянд. Ин тадбир имкон медиҳад, ки ҷавонони ба синни 18 қадам гузошта худ бе даъвати комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ба марказҳои қабули даъватшавандагон ҳозир шаванд.Бино ба гуфти муовини аввали қумондони қисми низомии 0850 – и Вазорати мудофиа, подполковник Соҳиб Нуралиев, аксарияти наваскарон ҳангоми даъвати тирамоҳӣ ба тарзи ихтиёрӣ ва бе даъвати комиссариатҳои ҳарбӣ ба хизмати Модар – Ватан ҳозир шудаанд. Дар байни наваскарон дорандагони маълумоти олӣ кам нестанд. Ин маънои онро дорад, ки ҷавонони 18 – 27 сола сарфи назар аз маълумоти миёна ва ё олӣ доштан ӯҳдадоранд дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ хизмат намоянд.Дар ҳамаи қисмҳои низомӣ барои қабули волидайни аскарон шароити хуб муҳайё карда шудааст. Онҳо имкон доранд дар «Китоби хотира» — и қисми низомӣ андешаҳои худро аз рӯи дидаашон нависанд.








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






