Хоҳишмандони хизмат дар сафи артиш меафзояд

Октябрь 26, 2011 09:50

Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ ҳамагӣ 25 рӯз сипарӣ шуда бошад ҳам, аллакай 49 – 50 фоизи нақшаи даъват таъмин гаштааст. Роҳбарони қисмҳои ҳарбӣ сол то сол шароити   хизматро дар қисмҳои низомӣ беҳтар менамоянд. Ин тадбир имкон медиҳад, ки ҷавонони ба синни 18 қадам гузошта худ бе даъвати комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ба марказҳои қабули даъватшавандагон  ҳозир шаванд.Бино ба гуфти муовини аввали қумондони қисми низомии 0850 – и Вазорати мудофиа,  подполковник Соҳиб Нуралиев, аксарияти наваскарон ҳангоми даъвати тирамоҳӣ  ба тарзи ихтиёрӣ ва бе даъвати комиссариатҳои ҳарбӣ ба хизмати Модар – Ватан ҳозир шудаанд. Дар байни наваскарон дорандагони маълумоти олӣ кам нестанд. Ин маънои онро дорад, ки ҷавонони 18 – 27 сола сарфи назар аз маълумоти миёна ва ё олӣ доштан ӯҳдадоранд дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ хизмат намоянд.Дар ҳамаи қисмҳои низомӣ барои қабули волидайни аскарон  шароити хуб муҳайё карда шудааст. Онҳо имкон доранд дар «Китоби хотира» — и қисми низомӣ андешаҳои худро аз рӯи дидаашон нависанд.      

Октябрь 26, 2011 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд