Хона-интернат ба давраи зимистонгузаронӣ омода аст.

Октябрь 12, 2011 10:05

Восеъ, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Муассисаи   давлатии   «Хона- интернати   бемориҳои   касалиҳои  рӯҳии  ноҳияи  Восеъ»   ба  мавсими  зимистонгузаронӣ  омодагӣ  дида,  маъракаи захира намудани  маҳсулоти ғизоӣ  ва  сӯзишвориро  дар  муассиса   ба анҷом расонид,-  гуфт    директори   муассисаи   мазкур  Аҳмадхон  Шерматов. Ба  қавли ӯ   барои  зимистонгузаронӣ миқдори зиёди орд, биринҷ, картошка,  пиёз, шакар,  макарон,  лӯбиё,  равғани  растанӣ, сабзавот,  меваи хушк ва дигар маҳсулот захира  карда  шудааст.

Октябрь 12, 2011 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш