Имзои 7 санади ҳамкорӣ зимни мулоқоти Э. Раҳмон бо А. Лукашенко
Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз дар қароргоҳи давлатии «Қасри миллат» гуфтушуниди як ба яки сарони кишварҳои Тоҷикистону Белорус Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко доир гардид.Дар ҷараёни мулоқот баррасии масоили таҳкиму густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Сипас гуфтушуниди ҳайатҳои васеи ҷонибҳо баргузор шуд.Дар анҷоми мулоқот имзои 7 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла «Созишнома дар бораи ҳамкории дарозмуддати Тоҷикистону Беларус барои солҳои 2011-2020», «Барномаи ҳамкории иқтисодӣ миёни кишварҳо барои солҳои 2011-2020» ва ҳамчунин як қатор асноди байниҳукуматӣ, аз ҷумла, Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Беларус дар бораи фаъолияти муваққатии меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишнома дар бораи ҳамкорӣ миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Беларус, Созишнома дар бораи пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Беларус, Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Беларус, Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати ҷавонон байни Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Беларус ба имзо расиданд.Сипас нишасти матбуотии сарони кишварҳо бо доираи васеи хабарнигорон баргузор гардид. Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон суханрони карда изҳори боварӣ намуд, ки татбиқи мувофиқаҳои ба даст омада ва санадҳои дуҷонибаи зимни ин сафар имзошуда ба рушди минбаъдаи муносибатҳои анъанавии дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус, ки дар асоси коршарикии баробарҳуқуқ ва мутақобилаи судманд роҳандозӣ мешаванд, таъсири мусбат мерасонад. Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко барои меҳмоннавозӣ ва пазироии самимона ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамаи мардуми тоҷик сидқан изҳори миннатдорӣ намуд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд






