М.Ковтун боз раиси маркази илму фарҳанг интихоб шуд
Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина ). – Чанде пеш дар Маркази илму фарҳанги Русия конфронси панҷуми ҳамватанон дар Тоҷикистон баргузор гардида, дар он Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Русия Юрий Попов фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозиро дар соли 2010 ба таври мусбат арзёбӣ намуд. Сипас раиси Шӯрои ҳамоҳангсози Маркази илму фарҳанги Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Марина Ковтун зимни суханрониаш аз тадбирҳое, ки ҷиҳати муттаҳид сохтани созмонҳои маркази номбурда дар солҳои 2010 ва 2011 роҳандозӣ шудаанд, нақл кард. Дар хотимаи конфронс бо усули овоздиҳии кушода ҳайати нави Шӯрои ҳамоҳангсоз иборат аз 11 нафар интихоб шуд, ки ба он роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии ҷамоаҳои Русия дар вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ворид гардиданд. Марина Ковтун боз раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии Маркази илму фарҳанги Русия дар Тоҷикистон интихоб шуд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд






