Маҳфили дӯстии Тоҷикистону Арабистон таҳти унвони «Ҷавонони Макка дар хизмати ҳоҷиёни тоҷик»

Октябрь 29, 2011 14:48

Бо ташаббуси сокинони маҳаллаи Зоҳири шаҳри Маккаи мукаррамаи Арабистони Саудӣ ба хотири пазироию мехмондории самимии ҳоҷиёни тоҷик шоми дирӯз маҳфили дӯстии шаҳрвандони Тоҷикистону Арабистон таҳти унвони «Ҷавонони Макка дар хизмати ҳоҷиёни тоҷик» доир гашт.Барномаи чорабинӣ аз пурсишу посух, озмуни қироати Қуръон ва тадбирҳои гуногун иборат буд, ки дар он ҳоҷиёни тоҷик фаъолона иштирок карданд.Баъди қироати Куръон ба ҳоҷиён филмҳои гуногун аз таърихи дини ислом, пайдоиши шаҳри Макка, тартиби адои фарзҳои ҳаҷ ва дигар наворҳо намоиш дода шуд.    Саҳни ҳавлии маҳфилгоҳро парчамҳои Тоҷикистону Арабистони Саудӣ, шиорҳо бо забони тоҷикӣ — «Хуш омадед, ҳоҷиёни тоҷик!», «Аҳли Маккаи мукаррама қадами Шуморо дар сарзамини муқаддас хайрамақдам мегӯяд», «Ба Шумо ҳаҷи мақбулу саъйи машкур хоҳонем» ва шоҳбайти Саъдии Шерозӣ «Бани одам аъзои як пайкаранд, ки дар офариниш зи як гавҳаранд» ва дигар навиштаҷот оро медод. Дар ҷамъомад баромадкунандагон аз саҳми беназири фарзандони халҳи тоҷик, аз ҷумла Имоми Аъзам — Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит, Имом ал Бухорӣ, Имом Термизӣ, Имом Муслим, шоири классики тоҷик Саъдии Шерозӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар роҳи густаришу пойдории дини мубини ислом, таҳаммулпазирӣ, тарбияи инсонҳо ва эҷоди асарҳои маърифатию ахлоқи ёдовар шуданд.Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи оид ба корҳои дини назди ҲҶТ-ро дар маҳфил корманди Кумита Саидбек Махмадуллоев ва Сархатиби масҷиди ҷомеи Сариосиёи Душанбе Абдуҷалол Ализода намояндагӣ карда, зимни суханронии хеш аз номи ҳоҷиёни тоҷик ва ҷониби Тоҷикистон барои кадршиносӣ, мехмоннавозӣ ва тадбирҳо баҳри густариши муносибатҳои дӯстӣ ба ташаббускорон изҳори сипос карданд.Ҷараёни маҳфил нишон дод, ки шаҳрвандони тоҷик аз дини мубини ислом хуб огаҳӣ доранд, зеро ба саволҳо ҷавобҳои мушаххас ва дуруст медоданд. Инчунин аз байни шаҳрвандони Тоҷикистон якчанд нафар дар озмуни қироати Қуръон ширкат варзида, маҳорати хуб нишон доданд. Ҳамаи ғолибон бо тӯҳфаҳои таъсиснамудаи ташаббускорон сарфароз гардиданд.Аҳли Макка ба дониши хуби ҳоҷиён баҳои хеле баланд дода, дар бораи интизоми намунавии ҳоҷиёни тоҷик дар вақти адои ҳаҷ андешаронӣ карданд.Маҳфил дар сатҳи хеле хуби ташкилӣ доир шуда, ҳамчун як тадбири нек дар роҳи густариши муносибатҳои анъанавию таърихии мардуми тоҷику араб арзёбӣ гардид. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» Самариддини Айниддин аз шаҳри Маккаи мукаррамаи Арабистони Саудӣ иттилоъ дод.

Октябрь 29, 2011 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд