Маҳфили дӯстии Тоҷикистону Арабистон таҳти унвони «Ҷавонони Макка дар хизмати ҳоҷиёни тоҷик»
Бо ташаббуси сокинони маҳаллаи Зоҳири шаҳри Маккаи мукаррамаи Арабистони Саудӣ ба хотири пазироию мехмондории самимии ҳоҷиёни тоҷик шоми дирӯз маҳфили дӯстии шаҳрвандони Тоҷикистону Арабистон таҳти унвони «Ҷавонони Макка дар хизмати ҳоҷиёни тоҷик» доир гашт.Барномаи чорабинӣ аз пурсишу посух, озмуни қироати Қуръон ва тадбирҳои гуногун иборат буд, ки дар он ҳоҷиёни тоҷик фаъолона иштирок карданд.Баъди қироати Куръон ба ҳоҷиён филмҳои гуногун аз таърихи дини ислом, пайдоиши шаҳри Макка, тартиби адои фарзҳои ҳаҷ ва дигар наворҳо намоиш дода шуд. Саҳни ҳавлии маҳфилгоҳро парчамҳои Тоҷикистону Арабистони Саудӣ, шиорҳо бо забони тоҷикӣ — «Хуш омадед, ҳоҷиёни тоҷик!», «Аҳли Маккаи мукаррама қадами Шуморо дар сарзамини муқаддас хайрамақдам мегӯяд», «Ба Шумо ҳаҷи мақбулу саъйи машкур хоҳонем» ва шоҳбайти Саъдии Шерозӣ «Бани одам аъзои як пайкаранд, ки дар офариниш зи як гавҳаранд» ва дигар навиштаҷот оро медод. Дар ҷамъомад баромадкунандагон аз саҳми беназири фарзандони халҳи тоҷик, аз ҷумла Имоми Аъзам — Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит, Имом ал Бухорӣ, Имом Термизӣ, Имом Муслим, шоири классики тоҷик Саъдии Шерозӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар роҳи густаришу пойдории дини мубини ислом, таҳаммулпазирӣ, тарбияи инсонҳо ва эҷоди асарҳои маърифатию ахлоқи ёдовар шуданд.Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи оид ба корҳои дини назди ҲҶТ-ро дар маҳфил корманди Кумита Саидбек Махмадуллоев ва Сархатиби масҷиди ҷомеи Сариосиёи Душанбе Абдуҷалол Ализода намояндагӣ карда, зимни суханронии хеш аз номи ҳоҷиёни тоҷик ва ҷониби Тоҷикистон барои кадршиносӣ, мехмоннавозӣ ва тадбирҳо баҳри густариши муносибатҳои дӯстӣ ба ташаббускорон изҳори сипос карданд.Ҷараёни маҳфил нишон дод, ки шаҳрвандони тоҷик аз дини мубини ислом хуб огаҳӣ доранд, зеро ба саволҳо ҷавобҳои мушаххас ва дуруст медоданд. Инчунин аз байни шаҳрвандони Тоҷикистон якчанд нафар дар озмуни қироати Қуръон ширкат варзида, маҳорати хуб нишон доданд. Ҳамаи ғолибон бо тӯҳфаҳои таъсиснамудаи ташаббускорон сарфароз гардиданд.Аҳли Макка ба дониши хуби ҳоҷиён баҳои хеле баланд дода, дар бораи интизоми намунавии ҳоҷиёни тоҷик дар вақти адои ҳаҷ андешаронӣ карданд.Маҳфил дар сатҳи хеле хуби ташкилӣ доир шуда, ҳамчун як тадбири нек дар роҳи густариши муносибатҳои анъанавию таърихии мардуми тоҷику араб арзёбӣ гардид. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» Самариддини Айниддин аз шаҳри Маккаи мукаррамаи Арабистони Саудӣ иттилоъ дод.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






