Мардум ташвиш накашед, об арзон аст !
Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз нимаи дуюми моҳи октябри соли ҷорӣ сар карда, корхонаи давлатии обу корези Душанбе «Душанбеводоканал» қимати оби ошомиданиро барои ҳар як сокини пойтахт 3 сомонию 70 дирамӣ ҳисобӣ мекунад,- иброз доштанд дар шӯъбаи муҳосиботи корхона ба мухбири АМИТ «Ховар».Ба гуфти мутахассиси корхонаи мазкур, нархи оби ошомиданӣ дар Душанбе нисбат ба ҳамаи марказҳои давлатҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ арзон аст. Ин суханон дар мавриде гуфта мешаванд, ки оби ошомиданӣ дар Ишқобод – пойтахти Ҷумҳурии Туркманистон барои сокинонаш ройгон буда ва дар Олмон 30 фоизи маоши мардум барои хизматрасонии коммуналӣ, аз ҷумла барои об масраф мегардад. Дар Душанбе на ҳамаи мардуми дар хонаҳои баландошёна зиндагӣ дошта аз оби ошомиданӣ дуруст истифода карда метавонанд. Ҳол он ки Тоҷикистон баъди Русия аз ҷиҳати захираи об дар ҷойи дуюм меистад.Дар шӯъбаи муҳосибот сабаби боло бурдани қимати обро дар баланд шудани нархи барқ ва дастгоҳу воситаҳои обтозакунӣ, ки аз хориҷи кишвар ба нархи қимат ворид шудаанд, медонанд.-Як сомонӣ зиёд кардани қимати об набояд боиси ташвиши мардум гардад, муҳим он аст, ки мардум бо оби тозаи ошомиданӣ ба тарзи доимӣ таъмин бошанд,- иброз дошт сокини шаҳраки «Гипрозем» Саид Носиров ҳангоми сӯҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар».








Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд






