Марказҳои рушди барвақтии кӯдакон — ҳамчун моделҳои алтернативии таҳсилоти томактабӣ

Октябрь 4, 2011 09:36

Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-  6 октябри соли 2011 дар толори конфронсии Маркази тиҷоратии «Вафо»-и шаҳри  Душанбе бо дастгирии барномаи «Қадам ба қадам»-и Институти «Ҷомеаи Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Марказҳои рушди барвақтии кӯдакон дар асоси ҷомеаҳо ҳамчун моделҳои алтернативии таҳсилоти томактабӣ» баргузор мегардад. Ҳадафи асосии   мизи мудаввар  муайян кардани фаъолияти минбаъда дар ростои рушди босуботи таҳсилоти барвақтии кӯдакон дар Тоҷикистон тавассути таъсиси моделҳои алтернативии таҳсилоти томактабӣ мебошад. Дар сӯҳбати мизи мудаввар шарикони барномаи «Қадам ба қадам»  аз «Бунёди рушди кӯдак»-и ба номи Я. А. Каменский (Лаҳистон), намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои маориф ва молияи ҶТ, намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ, шӯъбаву идораҳои маориф аз шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва директорони марказҳои озмоишии барнома иштирок мекунанд. Мавриди зикр аст, ки Лоиҳаи «Марказҳои рушди барвақтии кӯдакон дар асоси ҷомеаҳо ҳамчун моделҳои алтернативии таҳсилоти томактабӣ» соли 2010 бо ҳамкории «Бунёди рушди кӯдак»-и ба номи Я. А. Каменский, ҳукуматҳои маҳаллӣ ва Вазорати маорифи ҶТ шурӯъ шудааст.   Бояд зикр кард, ки марказҳои ҷамъиятӣ муассисаҳои ҷамъиятии тарбияи томактабӣ буда, барои таъмини ҳуқуқ ба таҳсилоти сифатноки кӯдакони аз 3 то 7-сола, ки бо сабабҳои гуногун ба боғчаҳои кӯдакон фаро гирифта нашудаанд, таъсис дода мешаванд.

Октябрь 4, 2011 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд