Меҳмонхонаи Душанбе-Серена» мавриди истифода қарор мегирад

Октябрь 31, 2011 09:17

Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). -Волоҳазрат Оғохон, асосгузор ва сарвари Бунёди Оғохон оид ба рушд (АКDN)  ва сарвари рӯҳонии мусулмонони пайрави Исмоилӣ,  рӯзи 30-уми октябри соли 2011 бо сафари кории 3 рӯза ба Тоҷикистон  омад.Дар давоми сафари корӣ  Шоҳзода Карим Оғохони 4  меҳмонхонаи  «Душанбе-Серена»-ро ба таври расмӣ ифтитоҳ менамояд.Меҳмонхонаи  панҷситорадори  «Душанбе-Серена» дар масоҳати  1, 2 гектар замин бунёд гашта дорои  85 ҳуҷраи истиқоматӣ мебошад, ки  48 адади онро ҳуҷраҳои аълодараҷа ва панҷтояшро ҳуҷраҳои  «Президентӣ» ташкил медиҳанд.  Ҳамчунин меҳмонхона даҳ аппартаменти  хизматрасонӣ барои истиқомати кӯтоҳ ва дарозмуддат дорад. «Душанбе-Серена»  аз  9 ошёна иборат буда,  дар ошёнаҳои 1 ва 9 -уми он тарабхонаҳои   «Рӯдакӣ» ва «Кӯҳсор» ва ҳавзи манзаравӣ мавҷуданд. Меҳмонхона инчунин толори конфронсии «Миллат», бо ғунҷоиши  200 ҷойи нишаст дорад, ки  барои баргузории   чорабиниҳои гуногун, ба шумули конфронсҳо, ҷаласаҳо, тӯйҳо ва зиёфатҳои дипломатӣ пешбинӣ шудааст. Сақфҳои меҳмонхона дорои чӯбҳои нақшу нигори ранга буда, санъати косибии қадимии тоҷикиро намоиш меҳанд ва таҷассумгари  меросу фарҳанги тоҷикон мебошанд.Мавриди зикр аст, ки меҳмонхонаи «Душанбе-Серена» аз ҷониби ширкати маъруфи меъморӣ ва таҳрезии дохилии Le Groupe Arcop, мустақар дар шаҳри  Монтреали  Канада тарҳрезӣ  ва бо маблағи беш аз 165 миллион сомонӣ сохта шудааст, фармоишгараш Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Туризм промоушн сервисиз» мебошад, ки яке аз ширкатҳои фаръии Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ ба шумор меравад.

Октябрь 31, 2011 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд