Меҳмонхонаи Душанбе-Серена» мавриди истифода қарор мегирад
Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). -Волоҳазрат Оғохон, асосгузор ва сарвари Бунёди Оғохон оид ба рушд (АКDN) ва сарвари рӯҳонии мусулмонони пайрави Исмоилӣ, рӯзи 30-уми октябри соли 2011 бо сафари кории 3 рӯза ба Тоҷикистон омад.Дар давоми сафари корӣ Шоҳзода Карим Оғохони 4 меҳмонхонаи «Душанбе-Серена»-ро ба таври расмӣ ифтитоҳ менамояд.Меҳмонхонаи панҷситорадори «Душанбе-Серена» дар масоҳати 1, 2 гектар замин бунёд гашта дорои 85 ҳуҷраи истиқоматӣ мебошад, ки 48 адади онро ҳуҷраҳои аълодараҷа ва панҷтояшро ҳуҷраҳои «Президентӣ» ташкил медиҳанд. Ҳамчунин меҳмонхона даҳ аппартаменти хизматрасонӣ барои истиқомати кӯтоҳ ва дарозмуддат дорад. «Душанбе-Серена» аз 9 ошёна иборат буда, дар ошёнаҳои 1 ва 9 -уми он тарабхонаҳои «Рӯдакӣ» ва «Кӯҳсор» ва ҳавзи манзаравӣ мавҷуданд. Меҳмонхона инчунин толори конфронсии «Миллат», бо ғунҷоиши 200 ҷойи нишаст дорад, ки барои баргузории чорабиниҳои гуногун, ба шумули конфронсҳо, ҷаласаҳо, тӯйҳо ва зиёфатҳои дипломатӣ пешбинӣ шудааст. Сақфҳои меҳмонхона дорои чӯбҳои нақшу нигори ранга буда, санъати косибии қадимии тоҷикиро намоиш меҳанд ва таҷассумгари меросу фарҳанги тоҷикон мебошанд.Мавриди зикр аст, ки меҳмонхонаи «Душанбе-Серена» аз ҷониби ширкати маъруфи меъморӣ ва таҳрезии дохилии Le Groupe Arcop, мустақар дар шаҳри Монтреали Канада тарҳрезӣ ва бо маблағи беш аз 165 миллион сомонӣ сохта шудааст, фармоишгараш Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Туризм промоушн сервисиз» мебошад, ки яке аз ширкатҳои фаръии Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ ба шумор меравад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






