Мероси адабии Мирзо Турсунзода ва мавқеи он миёни тамаддуни ҷаҳонӣ

Октябрь 13, 2011 12:55

Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Бахшида ба бузургдошти қаҳрамони Тоҷикистон, шоири маҳбуб устод Мирзо Турсунзода ва омӯзиши ашъори пурғановати ӯ дар Коллеҷи фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ  чорабинии фарҳангӣ  баргузор гардид.Тадбири фарҳангии устодону толибилмони Коллеҷи мазкур бо арҷгузорӣ ва эҳтиром ба гузаштагон оғоз гардид.Баъди қироати ашъори Мирзо Турсунзода қисмати асосии чорабинӣ, ки аз омӯзиш ва муҳокима иборат буд, бо ҷалби шоирону нависандагон доир гардид.Дар чорабинии фарҳангӣ мероси гаронбаҳои устод Мирзо Турсунзода, ки саршор аз ватандӯстист, дар маърӯзаҳои пурмазмуни иштирокчиён хуб инъикос ёфт.Дар ҷамъомад бахшида ба бузургдошти Шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, ки бо 20-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ рост омад, аз ҷониби донишҷӯён достон, порчаҳои шеърӣ ва мисраъҳои эҷодиёти гаронарзиши ӯ бо таҳияи барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ бори дигар муаррифӣ гардид.Бояд гуфт, ки миллати фарҳангпарвари тоҷик дар баробари омӯзиши беҳтарин арзишҳои тамаддуни башарии Шарқу Ғарб, таърих, фарҳанг, забон ва маънавиёти бисёрҳазорсолаи худро низ пос медорад.Умед аст, ки бузургдошти санаҳои таърихӣ, таҷлили ҷашнвораҳои мутафаккирони гузашта дар ташаккули маънавиёту фарҳанги миллӣ, ватандӯстӣ ва баланд бардоштани ифтихори миллии насли ҷавон замина мегузорад.

Октябрь 13, 2011 12:55

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ